Бизнес авиация на Корсике

Ба ҳамагон маълум аст, ки Корсика қисми Фаронса буда, дорои мавқеи хоса, ки ҳамчун «умумияти марзӣ» меноманд, маъруф аст. Ҷазира дар баҳри Миёназамин ҷойгир шудааст, ки хизматрасониҳои авиатсияро мубрам мекунад.

Парвозҳои хусусӣ дар ин ҷо байни шахсони давлатманд, соҳибкорони бонуфуз, сиёсатмадорон ва арбобони бузурги ҷамъиятӣ маъруфият пайдо кардаанд. Дар Корсика чаҳор бандари ҳавоӣ: фурудгоҳи Аяччо, фурудгоҳи Бастия – Поретта, фурудгоҳи Фигари Сад Корс ва фурудгоҳи Калви Сент-Катрин, ки омодаи қабули хатсайрҳои инфиродӣ мебошанд.

 

Фармоишро дар сайти мо ҷойгир кунед

Бизнес авиация на Корсике и СардинииФармудани ҷет дар Корсика осон аст. Барои ин ба ягон ҷо рафтан зурур нест, ҳатто аз ҷой хестан ҳам. Ба туфайли хизматрасониҳои брокери ширкати пешсафи аврупоии ҳавоӣ AVIAV TM (Cofrance SARL) метавонед мустақиман дар сайт ҷойгир кунед, инчунин, ба тариқи фосилавӣ шартнома баста маблағро пардохт намоед.

Барои фармоиши хатсайр якчанд амалҳои соддаро бояд анҷом дод.

Қадами 1. Шумо дархостро мустақилона дар сайт ҷойгир мекунед ё бо менеҷер дар тамос шуда, оиди хатсайри худ, теъдоди мусофирон, санаҳои парвоз, вазни тахминии бағоҷ ва дигар нозукиҳои вобаста бо сафари хеш маълумот медиҳед. Шумо метавонед бо хоҳиши худ дарҳол бо шакли шартномаи парвоз шинос шавед.

Қадами 2. Менеҷер ба Шумо рӯйхати ҳавопаймоҳое, ки бо хатсайри дилхоҳи Шумо омодаи парвоз ҳастан, ирсол менамояд. Дар мактуб шумо метавонед бо нархи парвози рафтуомад, тамсилаи ҳавопаймо, ғунҷоиш ва мӯҳлати истифодашавии киштии ҳавоӣ, дарозии хатсайр ва дигар маълумотҳои муҳим шинос шавед.

Қадами 3. Шумо ҳавопаймои маъмурии ба Шумо муфидро интихоб карда, метавонед хизматрасониҳои иловагӣ, аз ҷумла, интиқоли автомобилӣ то фурудгоҳ ва аз фурудгоҳ то макони таъиншуда, барасмият даровардани раводид ва суғуртаи тиббӣ, нигаҳдории ҳуҷра дар меҳмонхона, хӯроки нисфирӯзӣ аз тарабхона дар канори ҳавопаймо, вақтхушӣ дар ҷараёни парвоз ва ғайраро фармоиш диҳед. Шумо бо менеҷер ҳамаи нозукиҳои сафарро баррасӣ карда, арзиши ниҳоиро мувофиқа менамоед.

Қадами 4. Шумо шартномаро тариқи интернет бо кӯмаки имзои электронӣ мебандед. Бо хоҳиши Шумо мо омода ҳастем ҳамаи ҳуҷҷатҳоро тариқи почтаи босуръати муқаррарӣ барои имзо ирсол намоем. Ирсоли маълумоти шиносномаҳои ҳамаи мусофирон ба мо ҳатмист.

Қадами 5. Шумо тариқи ғайринақдӣ пардохт мекунед ва оромона барои сафар омодагӣ мебинед. Ташкили парвозро мо пурра ба дӯши худ мегирем.

 

Аз ҳама сатҳи баланди бехатарӣ

Бизнес авиация на Корсике и СардинииБаъзе мизоҷонро дар мадди аввал сатҳу сифати бехатарӣ ба ташвиш меорад. Аммо ҳама гуна хавотирҳо комилан асос надоранд:

Авиатсияи хусусӣ ва ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ба таваҷҷӯҳи Шумо танҳо ҳавопаймоҳои аз ҳама боэътимоди истеҳсолкунандагони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла, Bombardier, Embraer, Sukhoi Superjet, Pilatus, Fokker, Saab, Cessna,  Dassault Aviation, Gulfstream, Beechcraft ва ғайра пешкаш менамояд.

Нисбати экипаж, ба авиатсияи хусусӣ танҳо сарнишинони баландихтисос, ки таҷрибаи бой аз авиатсияи гражданӣ доранд, қабул шудаанд. Онҳо аз аттестатсияи байналмиллалӣ гузашта танҳо дар он ҳолат ба парвоз роҳ дода мешаванд, агар ба баҳоҳои баландтарин ноил гардида, соҳиби саломатии идеалӣ бошанд. Роҳбаладҳои ҳавоӣ таълими махсус оиди хизматрасони ба мизоҷони воломақомро мегузаранд.

Қабл аз парвоз ҳавопаймоҳои хусусӣ санҷиши ҳатмии техникиро мегузаранд ва дар ҳоли аъло будани он барои парвоз иҷозат мегиранд. Оиди шаффофияти ҳуқуқии ҳама гуна созишномаҳо, мутахассисони мо онҳоро ҷиддӣ месанҷанд. Ба мизоҷони худ мо махфияти комил, сад дар сад бехатарӣ ва муомилаи хуш дар ҳама гуна ҳолатҳо, кафолат медиҳем. Бо дархости хоҳиш, хизматрасониҳои дастаи пособонони шахсиро пешкаш менамоем.

Авиатсияи хусусӣ дар Корсика ба Шумо имконият медиҳад, ки ҳамаи масъалаҳои муҳимро зуд ва бомуваффақият ҳаллу фасл намоед. Парвози инфиродӣ аз эҳсоси озодӣ ва ҳузуру ҳаловати нотакрор баҳраманд мекунад.